Савлат
занона
✓
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.
МАЪНӢ
Савлат - арабӣ
ҳамлаи бо хашму ғазаб, бо қаҳр ҳуҷум кардан; хашмгинӣ, қаҳру ғазаб
Моҳ чун ба ҷиҳати иқтибоси нур ба дуздӣ муттаҳам шуда аз бими савлати қаҳраш дар ҳиҷоби торӣ мутаворӣ гардид.
Ахлоқи Ҷалолӣ
Аз хиддату савлати подшоҳон бар ҳазар бояд буд.
Саъдӣ
савлату садамат
صولت و صدمت
ҳамлаву
ҳуҷум; қудрату ҳайбат
зӯру қувват, тавоноӣ, ҳайбату салобат
Сиёҳгӯшро гуфтанд: Туро мулозамати шер ба чи ваҷҳ ихтиёр уфтод? Гуфт: То фазлаи сайдаш мехӯрам ва аз шарри душманон дар паноҳи савлаташ зиндагонӣ мекунам.
Саъдӣ
Пеши нерӯям кунад Рустам суҷуди эътироф,
Гар бибинад савлати бозуи дастони маро.
Туғрал
шукӯҳ, шавкат
Ӯ мири қабила, ман гадоям,
Бо савлати ӯ қуҷо бас оям?!
Абдураҳмони Ҷомӣ
ҳамлаву
ҳуҷум; қудрату ҳайбат
Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо
Маънои номи Савлат Savlat