Номнома

Давлат

мардона

МАЪНӢ

Давлат - (арабӣ). دولت молу мулк, бахту саодат

Давлат (арабӣ) دولت 1. мол, сарват, боигарӣ, дороӣ;

2. мамлакат; шаҳр, кишвар;

Шукӯҳе дар ойини давлат намонд,
Ба Тӯронзамин зебу зинат намонд.
(Шоҳин)


3. ҳукумат, салтанат; ҳукмронӣ; подшоҳӣ; замони салтанату ҳукумат бар як кишвар;

Бувад адл сармояи хусравӣ,
Зи адл аст бозуи давлат қавӣ.
(Шодӣ)



4. ғалаба, зафар;; фатҳ;

Мар онро, ки ҷунбиданаш давлат аст,
Маломат макун, гар нагирад қарор.
(Унсурӣ)


5. маҷозан бахту саодат, иқбол; хушбахтӣ, толеи нек (, , некбахтӣ; гардиши замона ба некӣ, беҳрӯзӣ, комронӣ; толеъ ; баҳрамандӣ.

Давлат он нест, ки ёбам ду ҷаҳон зери нигин,
Давлат он асту саодат, ки туро ёфтаам.
(Камол)


6. мадад, кумак;

Давлат андар ҳунар басе ҷустам,
Ҳар дуро як макон намеёбам.
(Хоқонии Шарвонӣ)


7. наҷот;
8. адои қарз.

Калидвожаҳо

Маънои номи Давлат Davlat