Номнома

Савдо

мардона

МАЪНӢ

Савдо (арабӣ) سودا 1.майл, хоҳиш, орзу, ҳавову ҳавас.

Бад-ин гуна он рӯз то вақти шом,
Ҳаме пухт Ковус савдои хом.


2.фикр, хаёл.

Ду савдо дар яке сар барнатобад,
Яке дил бо ду дилбар барнатобад.
(Носири Хусрав)


3.маҷозан ошуфтагӣ, парешонӣ.
Дӯш савдои рухаш гуфтам зи сар берун кунам,
Гуфт: Ку занҷир, то тадбири ин маҷнун кунам?
(Ҳофизи Шерозӣ)


4.майлу иштиёқи зиёд, ишқ, муҳаббат, дӯстӣ; гоҳе ба маънии ишқ ояд; муҳаббати шадид.

6.суд, баҳра; ном барои занон.
Сараш савдои бозори шакар дошт,
Ки шаккар ҳам зи ширинӣ асар дошт.
(Низомӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Савдо Savdo