Номнома

Самар

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Самар - арабӣ

мева, бор

Аз дарахти бед кай чинӣ самар,
Аз найи холӣ ту кай хоҳӣ шакар? 
Шоҳидӣ


самар бастан

ثمر بستن

мева
бастан, мева кардан, бор овардан

ҳосил; маҷ. натиҷа, таъсир

Гар набудӣ нолаи найро самар,
Най ваҳонро пур накардӣ аз шакар. 
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ


Уммед доштам, ки зи васли ту бар хӯрам,
Нахли умед ғайри надомат самар надод. 
Фузулӣ


Қуввати толеъ ар кунад назаре,
Саъйи беҳуда ҳам диҳад самаре. 
Бедил


мева
бастан, мева кардан, бор овардан

арабӣ

бегоҳӣ, торикии шаб

Соя хоб орад туро ҳамчун самар,
Чун барояд шамс ин шаққулқамар. 
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ


сухан; афсона ва ҳикояи шабона; афсона; ҳикоя

Самар дуруст бувад, нодуруст низ бувад,
Ту то дуруст надонӣ сухан, макун бовар. 
Унсурӣ


Бараҳман ... ба Беҷонагар шитофта, ҳикояти Партҳол ва ҳусну камоли ӯ ҳамчу самар дар афвоҳ андохт.
Таърихи Фаришта


самар будан

سمر بودن

вирди
забонҳо будан, машҳур будан

самар кардан

سمر کردن

ҳикоя ва достон кардан (шудан), забонзади одамон ва
овоза кардан (шудан), вирди забон кардан, машҳур кардан (шудан); ошкор кардан
(шудан), фош кардан (шудан)

ба ҷои самар қанд доштан

به جا‌ی سمر قند داشتن

киноя
аз
ширинсухан будан

вирди
забонҳо будан, машҳур будан

ҳикоя ва достон кардан (шудан), забонзади одамон ва
овоза кардан (шудан), вирди забон кардан, машҳур кардан (шудан); ошкор кардан
(шудан), фош кардан (шудан)

киноя
аз
ширинсухан будан

улуми низомӣ

нигаред ба

сатҳи муқаттаъи родорӣ

1;

сатҳи аз як бозтобандаи фарзии амвоҷи электирумағнотисӣ, ки ҳамон миқдори энержии гусилшуда аз родорро ба самти родор, ба унвони ҳадафи воқеъӣ, бозметобонад

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Самар Samar