Номнома

Саман

занона

МАЪНӢ

Саман // Суман سمن гули себарга ва гоҳе панҷбарга, сафедрангу хушбӯ; ёсуман, ёсамин; гули себаргро гӯянд, яъне гиёҳе ва рустание ҳаст, ки онро себарга мегӯянд; гули он мудаввар ёсуманиранг мебошад; ва баъзе гӯянд, гуле бошад, панҷранг ва сафед ва хушбӯй, ки онро «шир» хонанд; баъзе ба сурхӣ моил бошад; номи гулест сафед ва хушбӯй.

Агар бад кунӣ, чашми некӣ мадор,
Ки гар хор корӣ, суман надравӣ.
(Ибни Ямин)


2. рӯй бошад, рухсора, чеҳра.

Зи сунбул кард бар гул мушкбезӣ,
Зи наргис бар суман симобрезӣ.
(Низомии Ганҷавӣ)


3. маҷозан дорандаи ранги сафед бошад; сафедранг.

4. ҳамчунин киноя аз рӯи сафед.

Калидвожаҳо

Маънои номи Саман Saman