Номнома

Самандар

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Самандар - ҷонвари калтакалосмонанд, ки ҳам дар об ва ҳам ба
хушкӣ зиндагонӣ мекунад

ҷонвари афсонаие, ки гӯё дар оташ пайдо мешавад ва
агар аз оташ барояд, мемирад

Ба оташ-дарун бар мисоли самандар,
Ба об-андарун бар мисоли наҳангон. 
Рӯдакӣ


Қиссаи мурғи самандар пеши ман афсона нест,
Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст
Бозор Собир


аз юнонии "саломандро" ба маънии фариштаи муваккали оташ

номе аз номҳои мардона

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Самандар Samandar