Номнома

Саломат

занона

МАЪНӢ

Саломат - (арабӣ). سلامت тандуруст, сиҳат, солим

Саломат (арабӣ) سلامت 1. солим будан, сиҳат-саломат будан; солим, тандуруст;

Чӣ хуш гуфт он накӯгӯю накӯкор,
Ки сар хоҳӣ саломат, сир нигаҳ дор.
(Ҷомӣ)


2. саломатӣ, тандурустӣ, офиятмандӣ; осудагӣ; амният; таносонӣ;

Ба ман нанмуд гар бахтам раҳи кӯи саломатро,
Зи ҷустуҷӯи худ пайдо кунам роҳи маломатро.
(Махфӣ)


3. дурустӣ; ҳақиқат;

Ман гуноҳе накардаам... ва амир аз саломати ҳол маълум надорад. (Авфӣ)

4. беосеб, безарар.

Саломат кашам рахти худ бар канор,
В-аз ин беқарорим зояд қарор.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)


5. покӣ ва раҳоӣ аз айбу офат, беайб будан; бегазанд шудан; покӣ, раҳоӣ аз айбу нанг;

Насозад ишқро кунҷи саломат,
Хушо расвоии кӯи маломат.
(Абдурраҳмони Ҷомӣ)


6. раҳоӣ ёфтан, наҷот ёфтан; наҷот;

Дилу динам шуду дилбар ба саломат бархост,
Гуфт: Бо ман манишин, к-аз ту саломат бархост.
(Саъдии Шерозӣ)


6. холис аз беморӣ, шифо; сиҳат ёфтан;

Чу баргардад мизоҷ аз истиқомат,
Ба душворӣ ба даст ояд саломат.
(Низомии Ганҷавӣ)


7. таҳният, муборакбодӣ;
8. растгорӣ;
9. хушӣ, шодӣ;
10. номи зане маҳбуба аз араб.

Калидвожаҳо

Маънои номи Саломат Salomat