Салом
мардонаМАЪНӢ
Салом - (арабӣ). سلام сулҳ, амну амон; дуруд, таҳният
Салом (арабӣ) سلام 1. сулҳ, оштӣ, амну амон; осудахотирӣ;
2.калимаи дуо, маъхуз аз тозӣ; ба маънии беҳӣ, ки бар дуруд бар касе гӯянд, яъне саломат ва бегазанд бошед; таҳийят, дуруд; паём, дурудгӯӣ .
Гар баландат касе диҳад дашном,
Беҳ, ки сокин диҳад ҷавоби салом.
(Саъдӣ)
3.покӣ ва раҳоӣ аз айбу офат; беайб будан; покӣ аз айбҳо;
4.гарданниҳодагӣ; гардан ниҳодан; дар арабӣ ба маънии гардан ниҳодан; таъзим ва такрим ва бо феъли додан ва кардан меояд;
5.таҳният, муборакбодӣ; офарин;
Якоякро салому марҳабо гуфт,
Чу гул дар рӯяшон аз ханда бишкуфт.
(Ҷомӣ)
6.тандурустӣ;
7.бегазанд шудан; бегазандӣ;
8.дар шаръ зикрест, ки намозгузор дар охирин ракъати намози худ гӯяд ва ҷуз бад-он тамом нашавад ва онро ду сиға аст, ассалому алайно ва ало ибодиллоҳи-с-солиҳин; ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу; намозгузор ҳар як аз ин ду саломро бидиҳад, дигаре мустаҳаб шавад;
9.ниг.Абдуссалом.

Калидвожаҳо
Маънои номи Салом Salom