Номнома

Салтанат

занона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Салтанат - арабӣ

вазифа ва амали султон; подшоҳӣ; ҳукмронӣ; фармонравоӣ

Ҷои он аст, ки шоҳон зи ту шарманда шаванд,
Салтанатро бигузоранду туро банда шаванд. 
Ҳилолӣ


Бояд донист, ки салтанат ва аморат бе раияту вилоят ва ҷамъият мутаҳаққақ нашавад. 
Аҳмади Дониш


маҷ. зӯрӣ;
қудрат ва тавоноӣ

Султон аз ӯ узр хост ва гуфт: Ё Бурайҳон! Агар хоҳӣ, ки аз ман бархурдор бошӣ, сухан бар муроди ман бигӯй, на бар салтанати илми хеш! 
Низомии Арӯзӣ


Маро гарчи ҳам салтанат буд беш,
Дареғ омадам кому дандони хеш. 
Саъдӣ


Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Салтанат Saltanat