Номнома

Парвона

занона

МАЪНӢ

Парвона - (форсӣ). پروانھ мисли парранда; зебо; ошиқ

Парвона پروانه ном барои духтарон аст; маънии он дар луғат:

1. ҳукм, амр, фармон, фармони подшоҳон; ҳукмнома; далел, раҳбар;

Давлати суҳбати он шамъи саодатпартав
Бозпурсед, Худоро, ки ба парвонаи кист?
(Ҳофиз)


2. иҷозат, рухсат;

Рӯзе сарат бибӯсаму дар поят уфтам,
Парвонаро чӣ ҳоҷати парвонаи духул?
(Саъдӣ)


3. ҳашарае, ки дар шаб гирди чароғ, шамъ ва ғ. мегардад ва худро ба онҳо мезанад; парвонаи чароғ; чароғвора бошад ва ӯ парандае бувад, ки худро ба чароғ ё бар шамъ занад ва бисӯзад; ҳашараест паранда, сиёҳранг, бузургтар аз занбӯри сурх бо пари дудиранги паҳну дароз, ки ба тобистон перомуни чароғ гардад ва гоҳ ба гармои чароғ бисӯзад, парвонаи чароғ; ва ӯ парандае бувад, ки худро бар чароғ ё шамъ занад ва бисӯзад ва ӯро магаси чароғ хонанд;

Чароғи рӯи туро шамъ гашт парвона,
Маро зи ҳоли ту бо ҳоли хешпарво на.
(Ҳофиз)


4. ҳашараест, дорои болҳои хушранг, ки рӯйи гулҳо ва гиёҳҳо менишинад ва шираи онҳоро мемакад ва онро шоҳпарак ва парвонаи рӯз ҳам мегӯянд;

5. мураккаб аз парв, ки ба маънии ситора аст ва маҷозан маънии нури чароғ ва шамъ ва лафзи она, ки калимаи нисбат аст; маҷозан ба маънии нури чароғу шамъ;

Метавон рафт чу оташ ба рагу решаи шамъ,
Ба дилозории парвона саре нест маро.
(Соиби Табрезӣ)


6. маҷозан муштоқ, иштиёқманд, ҳавасманд.

Сабо, аз шамъи маҷлис пурс ҳоли сӯзи парвона,
Ки аз аҳволи ҷонбозон бувад наззорагӣ ғофил.
(Камол)

Калидвожаҳо

Маънои номи Парвона Parvona