Парво
мардона
✓
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.
МАЪНӢ
Парво - андеша,
фикр, хаёл
Шабу рӯз тозон чу боди дамон,
На парвои обу на андӯҳи нон.
Абулқосим Фирдавсӣ
[Робеа] гуфт: Акнун чунин касе, ки ин мотам дар пеш дорад, чи гуна ӯро парвои арӯсӣ бувад?
Аттор
дилсӯзӣ, ғамхорӣ; парво кардан (ё сохтан) раҳм кардан, мурувват намудан
Маро афтода аз ишқи ту бар ҷон оташи савдо,
Накардӣ ҳеч чун парвона бар аҳволи ман парво.
Саййидо
Чун Чингизхон фавт шуд, касе аз фарзандонаш парвои ӯ накард. .
Таърихи Фаришта
Ба ҳоли Саййидо умрест парвое намесозӣ,
Биёбонгард аз дасти ту чун оҳуст, меранҷӣ?
Саййидо
рағбат, майл
Мо ба ёди васлат аз мулки ду олам фориғем,
Муфлиси ишқи туро парвои молу ҷоҳ нест.
Исмат
эътибор, эътино; таваҷҷуҳ, илтифот
Эй бурда диламро ту бад-он шаклу шамоил,
Парвои касат неву ҷаҳоне ба ту моил.
Ҳофиз
Гар туро бошад даме парвои ғамфарсудагон,
Нест ғам, гар ҷону дил аз ғам бифарсояд маро.
Абдураҳмони Ҷомӣ
тарс, бим
Нест парво талхкомонро зи талхиҳои ишқ,
Оби дарё дар мазоқи моҳии дарё хуш аст.
Соиб
фароғат, осоиш, оромӣ
Рабуд чашму руҳу зулфи он бути раъно,
Яке қарору дувум тоқату савум парво.
Шамси Табрезӣ
қудрат, тоқат, тавоноӣ
Шарҳи ин қисса магар шамъ барорад ба забон,
В-арна парвона надорад ба сухан парвое.
Ҳофиз
Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо
Маънои номи Парво Parvo