Номнома

Парвин

мардона занона

МАЪНӢ

Парвин - (форсӣ). پروین маҷмӯи ситораҳои бурҷи Савр, Сурайё

Парвин پروين 1. номи чанд ситорае, ки дар як ҷо ҷамъ шудааст ва ба бурҷи савр дохил мешавад; сурайё; сурати фалакӣ, ки болои шохи сурати фалакии гов қарор дорад; номи ситора, чанд ситораи кӯчаки наздик ба ҳам, арабин он сурайё; шаш ситораи кӯчак, ки бо ҳам муҷтамеъанд ва он дар айёми зимистон аз аввали шаб намоён бошанд;

Нодон агар наёяд пешам, аҷаб чӣ дорӣ?
Парвона чун барояд ҳаргиз ба чархи Парвин?
(Носири Хусрав)


2. киноя аз ашк, оби дида;

Ба тасхири хаёли он парипайкар шаби ҳиҷрон
Ду чашми дурфишони ман фурӯ оранд Парвинро.
(Камоли Хуҷандӣ)


3. киноя аз дандон;

Парда аз ёқут бар Парвин мабанд,
Хайма аз санҷоб бар сандон мазан.
(Анварӣ)


4. маҷозан дурахшон;

Ҳама ором гирифтанду шаб аз нима гузашт
В-он чи дар хоб нашуд, чашми ману Парвин аст.
(Саъдии Шерозӣ)


5. номи манзиле аз манозили қамар;

6. Парвини Эътисомӣ аз шоирони барҷастаи Эрон дар миёни занҳо буд. Соли 1906 тавлид ёфта. Падараш аз нависандагон ва мутарҷимони тавоно ва маъруфи даврони муосир, ки ӯро Юсуфи Эътисомӣ ном буд. Парвин дар қасоидаш аз ҳайси алфоз пайрави шуарои қарни панҷум ва шашум ва хосатан Носири Хусрави Қубодиёнӣ буд ва дар маснавиёту қитаот ва ғазалҳо ва ғайра сухани ӯ бештар ранги сухани ироқӣ дорад. Суханҳои Парвин ғолибан сода ва гоҳе таҳти таъсири лаҳҷаҳои муосир аст. Аммо афкору ақоиди ӯ ҷадид ва мутазаммини нукоти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ва гоҳе интиқодист. Тамсилоти нағз ва андарзҳои ҳакимонааш мояи эъҷоби хонанда мешавад. Парвин ба соли 1941 тарки дунё кардааст.

Калидвожаҳо

Маънои номи Парвин Parvin