Наврӯз
мардонаМАЪНӢ
Наврӯз - (форсӣ). نوروز рӯзи аввали солшумории шамсӣ
Наврӯз نوروز 1. рӯзи аввали соли шамсӣ, ки бо 21 март баробар меояд ва иди соли нав аст; рӯзи аввали фарвардин, ки иди миллии эрониён аст, наврӯзи султонӣ ҳам мегӯянд; рӯзи аввали моҳи фарвардин, ки расидани офтоб аст ба нуқтаи аввали ҳамал; ибтидои баҳор аст ва инро наврӯзи кӯчак ва наврӯзи омма ва наврӯзи сағир гӯянд; ва низ шашуми фарваридмоҳ рӯзи хурдод, ки наврӯзи бузург ва наврӯзи хосса гӯянд; ба маънии рӯзи нав аст ва он ду бошад, яке наврӯзи омма ва дигаре наврӯзи хосса ва наврӯзи омма рӯзи аввали фарвардинмоҳ аст; гӯянд худои таоло дар ин рӯз оламро офарид ва ҳар ҳафт кавкаб дар авҷи тадвир буданд ва авҷоти ҳама дар нуқтаи аввали ҳамал буд. Дар ин рӯз ҳукм шуд, ки ба сайру давр дароянд ва Одам (а)-ро низ дар ин рӯз халқ кард; ва Наврӯзи хосса рӯзест, ки номи он рӯз Хурдод аст ва он шашуми фарвардинмоҳ бошад ва дар он рӯз ҳам Ҷамшед бар тахт нишаст ва хосонро талабид ва расмҳои некӯ гузошт ва гуфт, Худои таоло шуморо халқ кардааст, бояд, ки ба обҳои покиза танро бишӯед ва ғусл кунед ва ба саҷда ва шукри ӯ машғул бошед ва ҳар сол дар ин рӯз ба ҳамин дастур амал намоед;
Наврӯз шуду ҷаҳон баровард нафас,
Ҳосил зи баҳори умр моро ғаму бас.
(Абӯсаид Абулхайр)
2. рӯзи нав; рӯзи нав, рӯзи тоза; рӯзи нав, рӯзи ҷадид;
Комҷӯёнро зи нокомӣ чашидан чора нест,
Бар зимистон сабр бояд толиби Наврӯзро.
(Саъдӣ)
3. дар аввали баҳор таваллудшуда;
4. ба тифле, ки дар рӯзи Иди Наврӯз тавалллуд шавад, агар писар бошад, Наврӯзшоҳ ва агар духтар бошад, Наврӯзмоҳ номгузорӣ кунанд (махсусан тоҷикони кӯҳистон).

Калидвожаҳо
Маънои номи Навруз Navruz