Номнома

Моҳтоб

занона

МАЪНӢ

Моҳтоб ماھتاب 1.партав ва нури моҳ; тобиш ва равшании моҳҳангоми шаб, моҳи шед ва маҳшед низ гуфташуда;

Хоҳам, ки маст бошӣ, дар моҳтоб хуфта,
Ман бар рухат фишонам аз чашми худ гулобе.
(Аттор)


2.тобанда чун моҳ;

Оҳ аз ин зиштон, ки маҳрӯ менамоянд аз ниқоб,
Аз дарунсӯ моҳтобу аз бурунсӯ офтоб.
(Румӣ)


3.моҳ, қамар; моҳ; моҳро низ гуфтаанд, ҳамчу офтоб; ба маънии моҳ, маҷоз аст; иҷтимоъ, гирд омадани офтоб ва моҳтоб бувад ба охири моҳ;

Эй нуҷум, эй офтоб, эй моҳтоб,
Эй қалам, эй лавҳи маҳфуз, эй китоб.
(Иқболи Лоҳурӣ)


4.киноя аз рӯи маъшуқ; рухсори маҳбуб, чеҳраи маъшуқро ба моҳ монанд мекунанд;

5.номест мансуб ба занон.

Калидвожаҳо

Маънои номи Мохтоб Mokhtob Mohtob