Маҳтоб
занонаМАЪНӢ
Маҳтоб مھتاب 1.моҳ, қамар; аз ситорагон ду ситора азимтар аст нахуст офтоб ва он гаҳ маҳтоб.
Ба болои сарам маҳтоб доим,
Ду чашмони сарам бехоб доим.
Ҷудо гардад лаби ман аз лаби ту,
Лаби ҷӯро бибӯсад об доим.
(Лоиқ Шералӣ)
2.нури моҳ, шуои моҳ; партави моҳ, шуои қамар; тобиши моҳ, рӯшноии моҳ, маҳшед ҳам гуфтаанд; ва ин лафзи мақлуб аст, ки дар асл тоби маҳ буд. Пас, итлоқи он бар моҳ дуруст набошад, лекин омадааст, чунонки дар луғати қадим навишта шуда. Ва изофати он ба ҳилол ва моҳу бадр дуруст набошад, магар он ки ба маънии маҷозан гирифта ояд, чунончи Саид Ашраф гӯяд:
Файзи пирон чу навҷавонон набувад,
Маҳтобу ҳилолу бадр яксон набувад.
Лекин ин қисм изофат дар ҳамин байт дида шуда; нуре, ки аз курраи моҳ ба сатҳи замин мерасад.
Маҳтоб, ки нури пок дорад,
Аз бонги саге чӣ бок дорад?
(Ҷалолуддини Румӣ)
3.зебо ва дурахшанда чун нури моҳ.
Гар ҷамоли ёр набвад, бо хаёлаш ҳам хушам,
Хонаи дарвешро шамъе беҳ аз маҳтоб нест.
(Амир Хусрави Деҳлавӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Махтоб Makhtob Mahtob