Номнома

Моҳ

занона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Моҳ - Қамар, ҳамроҳи Замин, ки ба даври он мегардад ва аз
акси рӯшноии Офтоб тобон аст

Даромад ба ғурридан абри сиёҳ,
Зи моҳӣ тафи теғ баршуд ба моҳ. 
Низомӣ


Танат чун рӯҳ лоғар аз чи дард аст?
Чаро моҳи рухат чун шамъ зард аст? 
Ҳозиқ


моҳи мунхасиф

ماتم‌سرا‌ی خاک

моҳи дар хусуф монда, моҳи гирифта

моҳи нав

ماه نو

1.

ҳилол

2.

киноя аз абрӯи ёр

моҳи нокоста

ماه ناکاسته

моҳи тамом, моҳи чордаҳшаба

моҳи хиргаҳнишин

ماه خرگه‌نشین

моҳи дар ҳола монда, моҳи ба даруни хиргаҳ (ҳола)
истода

моҳ даргирифтан

ماه درگرفتن

гирифтани моҳ, хусуф

киноя аз
хушрӯй, маҳбуба

Гуфтам, и туро, эй маҳ, аз тобиши рӯи ту,
Зуҳра бибарад саҷда чун бандаву чун кеҳтар.
Шамси Табрезӣ


Аз он моҳаш уммеди фарзанд буд,
Ки хуршедчеҳра барӯманд буд. 
Абулқосим Фирдавсӣ


моҳи дилафрӯз

ماه دل‌افروز

дилбар, маҳбуба

моҳи дуҳафта

ماه دوهفته

1.

моҳи чордаҳ, моҳи комил, бадр

2.

киноя аз чеҳраи зебо, чеҳраи маҳбуба

моҳи маҷлис

ماه مجلس

ёри маҷлисоро, ёри суҳбаторо

моҳи тамом

ماه تمام

нигаред ба

моҳи дуҳафта

1;

моҳи чордаҳ, моҳи комил, бадр

моҳи тамом

ماه تمام

нигаред ба

моҳи дуҳафта

1;

моҳи чордаҳ, моҳи комил, бадр

киноя аз рӯи зебо

Бароварда хай моҳаш аз тоби май,
Зи лаъли лабаш рехта оби май. 
Хоҷу


Маҳаш мушксою лабаш майфурӯш,
Ду абрӯ камонкаш, ду гул диръпӯш. 
Абулқосим Фирдавсӣ


моҳи асмар

ماه اسمر

рӯи гандумгуни ёр

киноя аз арӯс;
моҳу шоҳ арӯс ва домод

Нишастанд бар гоҳ-бар моҳу шоҳ,
Чи некӯ бувад гоҳро шоҳу моҳ. 
Унсурӣ


нишони махсус ба сурати моҳ, ки бар болои қаср
ва шодурвон устувор мекарданд

Моҳи айвони ту тобон бод аз авҷи зафар,
К-аз фурӯғаш нур бар хуршеди тобон омадаст. 
Анварӣ


як қисм аз дувоздаҳ қисми сол

Рӯз ҳафта, ҳафта шуд маҳ, моҳ сол,
Моҳу соле холӣ аз ранҷу малол. 
Абдураҳмони Ҷомӣ


моҳи об

ماه آب

моҳи ёздаҳуми сурёнӣ, ки ба моҳи июл баробар меояд

моҳи Нахшаб

аз рӯи ривоятҳо моҳи сунъии Ҳаким ибни Ато машҳур ба ибни Муқаннаъ, ки бо омехтани баъзе моддаҳо ҳамчун симоб ва ғ. сохта буд ва аз чоҳе, ки дар поини кӯҳи Сиём (дар наздикии шаҳри Нахшаб) буд, ҳар шаб дар муддати ду моҳ берун мебаровардааст ва гӯё нураш то чор фарсанг мерасидааст.

моҳи сиём

ماه صیام

моҳи рӯза, моҳи рамазон

моҳи чоҳи Каш

ماه چاه کش

имолаи

моҳи Нахшаб

1

моҳ бар кӯҳон

ماه بر کوهان

номи оҳанги мусиқӣ

моҳи дар хусуф монда, моҳи гирифта

1.

ҳилол

2.

киноя аз абрӯи ёр

моҳи тамом, моҳи чордаҳшаба

моҳи дар ҳола монда, моҳи ба даруни хиргаҳ (ҳола)
истода

гирифтани моҳ, хусуф

дилбар, маҳбуба

1.

моҳи чордаҳ, моҳи комил, бадр

2.

киноя аз чеҳраи зебо, чеҳраи маҳбуба

ёри маҷлисоро, ёри суҳбаторо

нигаред ба

моҳи дуҳафта

1;

моҳи чордаҳ, моҳи комил, бадр

нигаред ба

моҳи дуҳафта

1;

моҳи чордаҳ, моҳи комил, бадр

рӯи гандумгуни ёр

моҳи ёздаҳуми сурёнӣ, ки ба моҳи июл баробар меояд

аз рӯи ривоятҳо моҳи сунъии Ҳаким ибни Ато машҳур ба ибни Муқаннаъ, ки бо омехтани баъзе моддаҳо ҳамчун симоб ва ғ. сохта буд ва аз чоҳе, ки дар поини кӯҳи Сиём (дар наздикии шаҳри Нахшаб) буд, ҳар шаб дар муддати ду моҳ берун мебаровардааст ва гӯё нураш то чор фарсанг мерасидааст.

моҳи рӯза, моҳи рамазон

имолаи

моҳи Нахшаб

1

номи оҳанги мусиқӣ

ахтаршиносӣ

танҳо қамари Замин ба қутри ҳудуди 3500 килуметр, ки ҷавв надорад ва сатҳи он аз бархурди сангҳои осмонӣ обилагун аст

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Мох Mokh Moh