Номнома

Зарнигор

занона

МАЪНӢ

Зарнигор - (форсӣ). زرنگار мунаққаш бо зар, бо зар зинатдода

Зарнигор زرنگار 1.тилокорӣ кардашуда, бо тило нақшу нигор кардашуда, бо зар наққошӣ кардашуда; тилокӯб, мунаққаш ба зар; чизе, ки бо оби тило нақшӣ кунанд; музаҳҳаб; зинатдодашуда бо зар; наққошишуда бо зар, чизе, ки бо оби зар нигошта ё наққошӣ шуда бошад;

Номи некӯ гар бимонад з-одамӣ,
Беҳ, к-аз ӯ монад сарои зарнигор.
(Саъдии Шерозӣ)


2.касе, ки бо оби зар наққошӣ мекунад; касе, ки бо зар дар рӯи чизе нақш ва нигор кунад, зарнигоранда.

Ҳузури ҳар ду ҷаҳон фарши остони касест,
Ки зарнигори сарояш зи рӯи ҳамчу зар аст.
(Соиб)

Калидвожаҳо

Маънои номи Зарнигор Zarnigor