Нигор
занонаМАЪНӢ
Нигор نگار 1. наққошӣ, нақш; тасвир, расм, зебу зиннат; исм аст аз нигоштан ҳосили масдари нигоштан; нақш, ки бар коғаз ё ба ҷое кашанд; чизе, ки бо ранг ба девору коғаз кашанд;
Табъи ӯ монандаи об аст аз покию лутф,
Табъи ӯ зуфтӣ нагирад, об напзирад нигор.
(Қатрони Табрезӣ)
2.нақше, ки аз ҳино бар дасту пои маъшуқон кунанд ва; ранги ҳино; нақшест, ки занон бар даст кунанд, он гоҳ дастро нигориста гӯянд; нақше, ки аз ҳино ба дасту пои маҳбуб кунанд;
Кас наояд ба пои деворе,
Ки бар он суратат нигор кунанд.
(Саъдии Шерозӣ)
3.ранге бошад сиёҳ, ки аз ҳино ва нил созанд ва занон бадон нақшҳо ва абёт бар дасти худ нақш кунанд; дар урф ҳоло ба маънии мутлақи ҳино истеъмол кунанд; ранге бошад, ки дар шаби арӯсии дӯшизагон дасту пояшонро бад-он ороста созанд. Ин одат то рӯзҳои мо расидааст ва хусусан дар Ҳиндустон бисёр ба назар мерасад. Ва ҳиндуҳо чунон мешуморанд, ки агар он рангҳои ба дасти арӯсон гузошта зебо ва баландтоб гарданд, ин нишонаи он аст, ки домод арӯсро ниҳоят дӯст медорад;
4.маҳбуб; маъшуқ;
Гар дар Яманӣ, чу бо манӣ, пеши манӣ,
Гар пеши манӣ, чу бе манӣ, дар Яманӣ.
Ман бо ту чунонам, эй нигори яманӣ,
Худ дар ғалатам, ки ман туам, ё ту манӣ?
(Абӯсаиди Абулхайр)
5.нақши нигин, нақше, ки бар нигини ангуштарӣ кунанд;
Сухан ҳар чӣ гуфтам, ба дониш бибин,
Нигорӣ кун инрову дилро нигин.
(Асадӣ)
6.ороишу зеварро гӯянд;
Бар ин гӯша румӣ кунад дасткор,
Бар он гӯша чинӣ нигорад нигор.
(Низомии Ганҷавӣ)
7.инчунин рангин ва мунаққаш бошад;
Бе рӯи ту, эй маҳи нигорин,
Рухсораи ман ба хун нигор аст.
(Саъдии Шерозӣ)
8. маҷозан хубрӯёнро гӯянд.
Нигоре бидиданд чун навбаҳор,
Ки аз як назар шер орад шикор.
(Абулқосим Фирдавсӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Нигор Nigor