Номнома

Сомон

мардона

МАЪНӢ

Сомон - (форсӣ). سامان тартиб, интизом; молу мулк; макон

Сомон سامان 1. паймон, савганд;

2.тартибу саранҷом; интизом; оростагӣ, назм; саранҷомӣ, сару нӯг;

Раҳе пешам омад, ки поён-ш нест,
Фитодам ба коре, ки сомон-ш нест.
(Хоҷу)


Ошиқи девонаам, сомони кор аз ман маҷӯ,
Ошиқи девонаро сомон набошад, гӯ: Мабош!
(Ҳилолӣ)


3.ривоҷ ва равнақ;

Нест бе мақдами ту кори маро сомоне,
Қадаме ранҷа куну кори маро сомон деҳ.
(Ҷомӣ)


4.ниёи Сомониён.

Калидвожаҳо

Маънои номи Сомон Somon