Номнома

Сом

мардона

МАЪНӢ

Сом - (форсӣ). سام симу зар; писари Нӯҳ (а); номи бобои Рӯстам

Сом سام 1. оташ; ҷонваре, ки дар оташ маскун мешавад, ӯро сомандар мегӯянд, яъне андар оташ; ва самандар мухаффафи он аст;

2. номи писари бузурги Нӯҳ, ки падари ақвоми сомӣ хонда шуда; писари Нӯҳ (а); ӯ аршади авлоди Нӯҳ буд, ки бо завҷаи худ дар киштӣ дохил гашта, аз ҳалоки тӯфон раҳоӣ ёфт ва рафтори некӯе, ки дар бораи падари бузургвори худ кард, дар сифри «Пайдоиш» 20-27 мазкур аст; қавми Яҳуд ва Ором ва Фурс ва Ошур ва Араб аз насли Сом мебошанд ва луғоти эшонро луғоти Сомия гӯянд; писари Нӯҳ аст ва ба арабӣ ба ҳамин ном хонанд;

Бишнав падарона, эй писар, панде,
Ин панд, ки Нӯҳ дод Сомашро.
(Носири Хусрав)


3. писари Наримон, падари Зол ва ҷадди Рустамӣ паҳлавони достони Эрон, Соми Наримон ва Соми Савор ҳам гуфтаанд; номи беҳдине аз хонадони Гаршосп; ҳатто дар кутуби паҳлавӣ ҳам гоҳе фақат ба номи хонадонаш (Сом) номида шудааст; ва акнун ӯро Соми Гаршоспи Наримон ё Соми Наримон гӯем;

Калидвожаҳо

Маънои номи Сом Som