Шоҳид
мардонаМАЪНӢ
Шоҳид - (арабӣ). شاھد гувоҳ, шоҳид будан, шаҳодат
Шоҳид (арабӣ) شاھد 1. касе, ки амре ё воқеаеро мушоҳида карда; бинанда; ҳозир, мушоҳидакунандаи амре ё чизе; нигоҳкунанда;
Ин хароботи муғон асту дар ӯ риндонанд,
Шоҳиду шамъу шаробу шакару ною суруд.
(Низомии Ганҷавӣ)
2.адои шаҳодаткунанда ва гувоҳ; гувоҳидиҳанда; шаҳодатдиҳанда; касе ки бар умуре шаҳодат медиҳад.
Қавли ӯ бар ҷаҳли ӯ ҳам ҳуҷҷат асту ҳам далел,
Фазли ман бар ақли ман ҳам шоҳид асту ҳам амин.
(Манучеҳрии Домғонӣ)
3.намози шомро гӯянд;
4.сурайё; наҷм;
5.марди некӯрӯй ва хушсурат;
Шоҳидони замона хурду бузург,
Дидаро Юсуфанду дилро гург.
(Саноӣ)
6.матлуб, манзур, зани зеборӯй; ба форсӣ ба маънии маҳбуб ва маъшуқҳам мегӯянд; маҳбуба;
Аз ин панҷ шин рӯи рағбат матоб,
Шабу шоҳиду шаҳду шамъу шароб.
(Фирдавсӣ)
7.рӯз;
8.хубрӯй; зебо, хушнамо; ба маънии соҳибҳусн истеъмол кунанд; соҳибҷамол, ҷамил, хушсурат, хушадо;
З-он, ки ӯ шоҳиду ҷавон бошад,
Нозуку нағзу дилситон бошад.
(Авҳадӣ)
9.хуб, баҷо, бамавқеъ;
Он нуқтаҳои хол чӣ шоҳид нишондаанд,
В-ин хиттаҳои сабз чӣ мавзун кашидаанд.
(Саъдӣ)
10.фаришта;
11.подшоҳ;
12.рӯзи ҷумъа; рӯзи одина;
13.номи лаҳнест аз мусиқӣ.

Калидвожаҳо
Маънои номи Шохид Shokhid Shohid