Шоҳин
мардонаМАЪНӢ
Шоҳин - (форсӣ). شاھین навъи парандаи шикорӣ, далер, диловар
Шоҳин شاھين 1.навъе аз бози шикорӣ; тоирест шикорӣ; парандаест, шикорӣ ва бисёр ҷасур; яке аз парандагони шикории шабеҳ ба уқоб, дорои нӯли муҳкам ва чанголҳои қавӣ ва парҳои баланд, дар арабӣ низ шоҳин мегӯянд ва ҷамъи он шавоҳин ва шаёҳин аст; парандае бошад шикорӣ ва зананда аз ҷинси сиёҳчашм; аз қуш кӯчактар аст ба иллати ҷасорате, ки дорад, гоҳе ба уқоб ва қуш ҳамла мекунад. Ин парандаи ҳушёр ва чолок дар ҳама ҷо дида мешавад, бавижа дар сарзаминҳои бешазор ва кӯҳистони ногузари Эрон ҳам нишемангоҳи ин мурғ буда ва дер гоҳест таваҷҷуҳи эрониён ба ин ҳавонаварди густох кашида шудааст ва париши онро ба фоли нек мегирифтанд. Ин мурғ ду бор ба номи «саин» дар Авесто ёд гардидааст ва авестошиносони урупоӣ онро ба маънии уқоб баргардонидаанд, аз ин ки “саин” ҳамон “шоҳин” (уқоб) аст, мавриди шак нест. Ва сифати шоҳин аз Вожаҳои шоҳ даромада ва ин паранда ба муносибати шукӯҳу тавоноӣ ва тақдиси худ, шоҳи мурғон хонда шудааст.
Ҳазор кабк надорад дили яке шоҳин,
Ҳазор банда надорад дили худованде.
(Шаҳиди Балхӣ)
Тафаккур кун дар ин маънӣ ту дар шоҳину мурғобӣ,
Гурезон аст ин аз ону он бар ин зафар дорад.
(Носири Хусрав)
2.амуди тарозу;
3.тахаллуси шоири маъруфи тоҷик Шамсуддин-махдуми Шоҳин (1857 – 1893);
4.яке аз сардорони бузурги Эрон дар замони Хусрави Парвиз.

Калидвожаҳо
Маънои номи Шохин Shokhin Shohin