Шарора
занонаМАЪНӢ
Шарора - (арабӣ). شراره оташпораҳои ҷаҳанда
Шарора شراره пораи хурди ҷаҳандаи оташ; ҷараққа, оташпора, забонаи оташ, шӯъла; оташпораи вобид, ки биҷаҳад; резаи оташ, ки ба ҳаво мепаррад; воҳиди шарор; ҷараққаи оташ;
Парид аз оташу гум шуд шарора,
Куҷо ҷӯям туро, дилбар, дубора?
Ситора аз фалак афтоду гум шуд,
Фалак аммо намонад беситора.
(Лоиқ Шералӣ)
2. ахгар, пораҳои паранда ва дурахшони оташ ва ё филлизи тафта.
Шарора з-он надорад партави шамъ,
Ки ин нури парокандасту он ҷамъ.
(Низомии Ганҷавӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Шарора Sharora