Номнома

Санавбар

занона

МАЪНӢ

Санавбар - (арабӣ). صنوبر қадбаланд, хушқомат

Санавбар (арабӣ) صنوبر 1. киноя аз маъшуқи хушқадду қомат; истиораест маъшуқро аз ҷиҳати ташбеҳи қадди ӯ ба санавбар, қадди маҳбуб, маҷозан мавзунқомат, зебо.

Эй пеши ту луъбатони чинӣ ҳабашӣ,
Кас чун ту санавбар нахиромад ба кашӣ.
Гар рӯй бигардонию гар сар накашӣ,
Мо бо ту хушем, гар ту бо мо на хушӣ.
(Саъдӣ)


2. дарахте аз ҷинси коҷ, дарахти чалғӯза; дарахти чалғӯза, ки ба ҳиндӣ чир гӯянд; дарахте, ки ҳамеша сарсабз аст; дарахти сӯзанбарг;

Ҷӯяш пур аз санавбару кӯяш пур аз суман,
Роғаш пур аз бунафшаву боғаш пур аз баҳор.
(Манучеҳрии Домғонӣ)


3. сарви нозро низ гӯянд.

Андалебони хушалҳони саҳархони дуруст,
Сифати қадди ту болои санавбар хонанд.
(Камол)

Калидвожаҳо

Маънои номи Санавбар Sanavbar