Номнома

Сада

занона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Сада - гурӯҳи садкаса; дастаи садкаса

[Наврӯз] баҳона меовард, ки дарди пой монеи вусули бандагист ва умарои садаи хеш ва мутааллиқонро ҳозир гардонид. 
Ҷомеъу-т-таворих


Амир Наврӯз ... бо бисёре аз умарои ҳазора ва сада ба Ҳиндустон омад. 
Таърихи Фаришта


сарфарози сада

سرفراز صده

сардори сада, юзбошӣ

сардори сада, юзбошӣ

яке аз ҷашнҳои эрониён, ки рӯзи даҳуми
баҳманмоҳ (29–30 январ) барпо мешавад ва дар ин рӯз оташи бисёр меафрӯзанд

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард,
Зи Ҳушанг монд ин сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр. 
Абулқосим Фирдавсӣ


Ба наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,
Ки нав гаштӣ оини оташкада... 
Низомӣ


сад сол, аср, қарн; садсолагӣ

гиёҳшиносӣ

гуҷум, қайрағоч

Сада соя диҳад, бед хода.
Зарбулмасал


таърихӣ

воҳиди марзбандии баъзе аз ноҳияҳои кӯҳистон дар аморати Бухоро

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Сада Sada