Номнома

Садаф

занона

МАЪНӢ

Садаф - (арабӣ). صدف навъи моддаи дурахшони қиматбаҳо

Садаф (арабӣ) صدف 1.ҷилде, ки дар даруни он як навъ ҷонвари баҳрӣҷой дорад; қишри (ғилофи) ҳайвони маъруфи баҳрӣ, ки марворид дар даруни он пайдо шавад; пӯстаи сахте, ки навъе ҷонвари нармтани дарёӣ дар он зиндагонӣ мекунад; анвои садаф вуҷуд дорад аз ҷумла: садафи хӯрокӣ ва садафи марворидӣ;

Оби садаф гарчи фаровон бувад,
Дур зи яке қатраи борон бувад.
(Низомии Ганҷавӣ)


Ҳар шаҷареро самаре додаанд,
Ҳар садаферо гуҳаре додаанд.
(Ҳоҷӯи Кирмонӣ)


2. моддае, ки ба даруни садаф пайдо шуда, батадриҷ ба гавҳар мубаддал мешавад; маъруфтар аз ҳама садафи марворид аст, ки дар дохили бадани худ моддае тавлид мекунад, ки батадриҷ мутаҳаҷҷир мешавад ва ташкили марворид медиҳад; гӯшмоҳӣ;

Ба сабр андар садаф борон шавад дур,
Ба сабр аз лаълу гавҳар кон шавад пур.
(Ҷомӣ)


Зари бисёр чун меҳраш ба каф буд,
Аз ин гавҳар вале холӣ садаф буд.
(Ҳозиқ)


3. се ситора аст ба шакли мусаллас бар даври қутб, ки онро садафи қутб гӯянд.

Калидвожаҳо

Маънои номи Садаф Sadaf