Номнома

Сабур

мардона

МАЪНӢ

Сабур - (арабӣ). صبور сабркунанда, тобовар, пуртоқат

Сабур (арабӣ) صبور бисёр сабркунанда, босабру тоқат; тобовар ба сахтиҳо; худдор, бурдбор, шикебо, фаровоншикеб; бурдборе, ки таъҷил ба уқубат накунад; собир; ва касе, ки ҷалдӣ накунад дар интиқом; тоқаткунанда, тобовар ба сахтиҳо; шикебо ва ҳалиме, ки осиёнро ба азоб маъхуз накунад, балки бахшад, ё дар гирифти онҳо шитобе накунад; шикебанда, пуршикеб, он ки нофармононро ба кайфар чора накунад.

Ҳофиз, сабур бош, ки дар роҳи ошиқӣ,
Ҳар кас, ки ҷон надод, ба ҷонон намерасад.
(Ҳофиз)


Фарзанди ту аз чӣ аз ту дур аст?
Чун бе рухи ӯ дилат сабур аст?
(Шоҳин)

Калидвожаҳо

Маънои номи Сабур Sabur