Номнома

Озода

занона

МАЪНӢ

Озода - (форсӣ). آزاده покиза, ороставу пероста, асил ва наҷиб

Озода آزاده номи занона; маънии он дар фарҳангҳо:

1. раҳо; он ки бандаи кас набошад; озод ва вораста;

Чӣ гуфт он сухангӯи озодмард,
Ки озодаро коҳилӣ банда кард.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


2. сахӣ, карим, дасткушод;

Гар сифла ба молу ҷоҳ аз озода беҳ аст,
Саг низ ба сайд аз одамизода беҳ аст.
(Саъдии Шерозӣ)


3. паҳлавон, диловар, далер;

Чу Виру дид гурдонро чунин зор,
Ба гирди Қоран-андар кушта бисёр,
Бигуфт озодагонашро ба тундӣ,
Ки аз ҷанговарон тунд аст кундӣ.
(Ф. Гургонӣ)


4. тоза, покиза;

Сари кӯҳи баланд истода бошӣ,
Ба ёри қадрасе дилдода бошӣ,
Шавӣ ҳамдостони обшорон,
Чу домони саҳар озода бошӣ.
(Лоиқ Шералӣ)


5. бепарво; тарки дунё карда, қаландармашраб;

6. лақаби хосси эрониёни қадим; эронӣ;

Бихуфтанд туркону озодагон,
Ҷаҳон шуд ҷаҳонҷӯйро ройгон.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


7. асил, наҷиб; озодмард, ҷавонмард;

8. Баҳроми Гӯр маъшуқае дошт, ки Озода ном дошт ва ӯ найнавоз буд.

Калидвожаҳо

Маънои номи Озода Ozoda