Номнома

Озод

мардона занона

МАЪНӢ

Озод - (форсӣ). آزاد раҳошуда, раҳида, новобаста, фориғ, вораста

Озод آزاد (озот – паҳлавӣ) номест мансуби мардон ва занон; маънии он дар фарҳангҳо:

1. раҳо, вораста, халос, фориғ; аз қайду тааллуқот фориғ; касе, ки бандӣ ва асир нест; муқобили зиндонӣ; хуррам;

Баҳор омад, дарахтон гул кушоданд,
Чу хубон уқдаи кокул кушоданд.
Ҳама озодаву озод, гӯӣ,
Ки аз пои асирон ғул кушоданд.
(Лоиқ Шералӣ)


2. бемушкилӣ, бехалал, ба осонӣ;

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
(Рӯдакӣ)


3. тамом, комил, пурра; беайб ва комил; мукаммал, бенуқс;

З-он пас ки ҳазор ғусса хӯрдам
Дар бандагият се соли озод.
(Камоли Исмоил)


4. соҳиби хислатҳои накӯ, асилзода, шариф, наҷиб, ҷавонмард; восил; набил;

Зи шоҳон касе чун Сиёвуш набуд,
Чун ӯ роду озоду хомуш набуд.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


5. хурсанд, шод, шодмон, масрур, фараҳманд;

Зи фарзанд бошад падар шоддил,
Зи ғамҳо бад-ӯ дорад озод дил.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


6. сарбаланд, сарфароз;

Кист мавло? Он ки ӯ шодат кунад,
Ҳамчу сарву савсан озодат кунад.
(Ҷалолуддини Румӣ)


7. солим, бегазанд;

Ҳамеша тан озод бодат зи ранҷ,
Пароканда ранҷу пуроганда ганҷ.
(Фирдавсӣ)


8. вораста, беалоқа ба мол ва ҷоҳ монанди он; ринд, дарвеш;

9. пок, афиф, мубарро, барӣ.

Чунин дод посух, ки дил шод дор,
Зи ҳар бад тани хеш озод дор.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


10. маҷозан бахшидан, афв кардан;

11. Озод Аминзода – шоираи тоҷик, духтари шоир Муҳиддин Аминзода (1933-2009).

Калидвожаҳо

Маънои номи Озод Ozod