Номнома

Нигина

занона

МАЪНӢ

Нигина - (форсӣ). نگینھ санги қимате, ки барои зинати чизҳо ниҳанд

Нигина نگينه нигаред ба нигин.

Нигин туию чу ангуштарист мулки ҷаҳон,
Баҳову қимати ангуштарӣ бувад зи нигин.
(Амир Муиззӣ)


Нигин نگين ном барои занон; маънии он дар фарҳангҳо:

1.ангуштарин, ангуштарӣ; муҳр, ангуштарӣ; ба маънии ангуштарӣ маҷоз аст; ангуштарӣ.

Бад-ӯ офарин, к-ӯ кунад офарин
Бар он бахти бедору тоҷу нигин.
(Фирдавсӣ)


2.санги ангуштарӣ, санги қиматбаҳои ангуштарин; он чи бар рӯи ангуштарӣ савор кунанд, санги қиматӣ ва гуҳар, ки бар рӯи чизе насб кунанд, нигина ҳам гуфта шуда; нигина; фирӯза ва лаъл ва ёқут ва алмос, ки дар нигиндони ҳалқаи ангуштарӣ кор бигзоранд;

3.ангуштарини муҳрдори подшоҳон; муҳри подшоҳон; муҳри подшоҳон; муҳри шоҳӣ; хотам, хотами салотин.

Калидвожаҳо

Маънои номи Нигина Nigina