Номнома

Назар

мардона

МАЪНӢ

Назар - (арабӣ). نظر нигоҳ, дид; мулоҳиза, ақида

Назар (арабӣ) ‫نظر‬ аз асмои писарон бошад; ин номро волидайни донишманд ба он хотир ба фарзандашон мегузоранд, ки нури чашмашон аз назари худованд дур наафтад; вожаи назар боз маъниҳои дигари ҷолибро дорост:
1. нигоҳ; нигоҳ, як бор нигаристан; нигаристан ба чизе ба тааммул; нигаридан, нигоҳ кардан, нигариш кардан, дидан;

Чун ҷаҳонро назаре сӯи вафо нест зи ашк,
Дидаро сӯи ҷаҳон роҳи назар барбандед.
(Хоқонии Шарвонӣ)


То дар ту назар кардам, расвои ҷаҳон гаштам,
Оре, ҳама расвоӣ аввал зи назар хезад.
(Аттор)


2. интизор; чашм доштан; интизор доштан чизеро;

3. фармон додан миёни қавм; ҳукумат кардан байни одамон;

4. ёрӣ додан; мадад кардан ва кумак кардан;

5. ба маънии чашм маҷоз аст; киноя аз чашм, дида;

Аз назари дил ба ҷаҳон кун назар,
З-он ки ғалаткор бувад чашми сар.
(Хусрави Деҳлавӣ)


8. мавриди таваҷҷуҳ қарор додан; иноят, илтифот, таваҷҷуҳ, мадад;

Сад назар дар боби банда беш кард,
То зи хок ӯро ба ин манзар кашид.
(Масъуди Саъд)


8. тамошо, саёҳат;

Яке ба ҳукми назар пой дар гулистон неҳ,
Ки поймол кунӣ арғавону ёсуманаш.
(Саъдии Шерозӣ)


9. фикр; андеша кардан; рой; тафаккур;

Назарат нест ба ман, з-он ки маро
Тан намонду назари ҷон ба тан аст.
(Хоқонии Шарвонӣ)


10. диққат, тадбир;

Ҳар кас, ки дид рӯи ту, бӯсид чашми ман,
Коре, ки кард дидаи ман, беназар накард.
(Ҳофиз)


11. лиҳоз, эътибор, ҷиҳат, ҷанба;

12. манзар, ноҳият, вилоят;

13. дид, биноӣ; басират;

14. покбин, дурбин;

15. мақсуд, муддао;

16. гӯш додан ба сухани касе;

17. ҷузъе аз номҳои мардонаи тоҷикӣ чун: Худойназар, Соҳибназар, Некназар, Назаршоҳ ва амсоли инҳо.

Калидвожаҳо

Маънои номи Назар Nazar