Наргиса
занонаМАЪНӢ
Наргиса نرگسه 1. нигаред ба наргис.
Нақшест каҷ онро, ки ту мехонӣ абрӯ
Андар сари он наргисаи пур зи хуморат.
(Амир Хусрав)
2.гули сунъӣ, ки аз оҷ ё устухон тарошида ба шифти хона барои зинат ҷой медиҳанд; гуле бошад аз оҷ ё устухони дигар, ки ба сурати наргис тарошида, бар сақфи хонаҳо насб кунанд; қуббае ки аз санг ё чӯб ва ғайра, ки бар сақфи иморот ва дарвозаҳо месозанд ва бар гирди он гулҳо нишонанд; ва дар баъзе аз кутуб навишта, ки он чи аз оҷ гулҳои наргис тарошида бар сақф ва ғайра хотамбандӣ кунанд; гуле, ки аз оҷ ё устухон, ба шакли гули наргис дуруст кунанд;
Ин сад ҳазор наргиса бар сақфи ин ҳисор
Рухсори мо чу наргиси нав зард кардаанд.
(Хоқонӣ)
3.киноя аз кавокиб; киноя аз ситорагони осмон;
Гирди наргисдони гардун бин ҳазорон наргиса,
Ҳар тараф з-ин наргиса сад гулситон омад падид.
(Амиди Лавмакӣ)
4. Парвинро низ гуфтаанд.
Бар сақфи чарх наргиса дорӣ ҳазор саф,
Аз банди он ду наргиси шаҳло чӣ хостӣ?

Калидвожаҳо
Маънои номи Наргиса Nargisa