Номнома

Наргис

занона

МАЪНӢ

Наргис - (форсӣ). نرگس гули наргис; чашм, киноя аз чашми маҳбуба

Наргис نرگس аз номҳои зебо ва хушоҳангест барои духтарон; маънии он дар фарҳангҳо: паҳлавӣ: наркис, аз юнонӣ: наркиссус, муарраби он нарҷис, лотинӣ: нарсисус, фаронса: нарсисс;

1.номи гиёҳи пиёзбехи хурду нозук, ки гулҳои хушбӯи сафед ё зард дорад; гулест сафед ва кучак ва хушбӯ, ки пиёзи он кошта мешавад, баландии буттааш то 40 сантиметр мерасад, баргҳои он сабз ва дароз, ба арабӣ нарҷис мегӯянд; шаҳло ва маскин ва садпар; гулест тираи наргисиҳо, ки дар васати гулаш ҳалқаҳои зард дида мешавад ва онро наргиси шаҳло гӯянд ва дар баъзе ҷинсҳо худи гул низ зард аст ё гули сафед аст, вале дар васати он гулбаргҳои кӯчаки сафед аст ва онро наргиси мискин гӯянд;

Бар фарқи сари наргис-бар зард кулоҳ,
Бар фарқи сари чакова як мушт гиёҳ.
(Манучеҳрии Домғонӣ)


То кай охир чу бунафша сари ғафлат дар пеш?
Ҳайф бошад, ки ту дар хобию наргис бедор.
(Саъдӣ)


2. маҷозан чашм; чашми маҳбуба

Чу донист, к-аз марг натвон гурехт,
Басе оби хунин зи наргис бирехт.
(Фирдавсӣ)


Даме наргис аз хоби мастӣ бишӯй,
Чу гулбун биханду чу булбул бигӯй.
(Саъдии Шерозӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Наргис Nargis