Муқим
мардона
✓
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.
МАЪНӢ
Муқим - (арабӣ). مقیم сокин, истиқоматкунандаи доимӣ, таҳҷоӣ
Муқим (арабӣ) مقيم 1. иқоматкунанда, бошанда, сокин; ҷойгиршуда дар ягон ҷой; касе, ки дар ҷое маскан гирифта; касе, ки дар ҷое иқомат дорад; собит ва побарҷо, дар як ҷо қароргирифта, бошанда; иқоматгузида ва ҷойгир дар ҷое; муқобили мусофир.
Як зимистони дигар бош дар ин шаҳр муқим,
Азми рафтан макуну доғ манеҳ бар дили мо.
(Амир Муиззӣ)
2. собитқадам, устувор; собитшуда;
Чу аз туст нафъи муқимони олам,
Ҷаҳон то муқим аст, бошад мақомат.
(Анварӣ)
3. доим, мудом;
4. барподоранда.

Калидвожаҳо
Маънои номи Муким Mukim Muqim