Номнома

Муқбил

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Муқбил - (арабӣ). مقبل соҳиби иқбол, хушбахт

Муқбил а.‫مقبل‬ 1. рӯйкунанда; рӯйоваранда; рӯ ба чизе кунанда; пешоянда ва пешраванда ба ҷониби касе; рӯйкарда, рӯйоварда;

Тан хонаи ҷони туст якчанде,
Як мушти гил асту дин дар ӯ муқбил.
(Носири Хусрав)


2. соҳибиқбол, хушбахт; соҳиби иқбол ва давлат; некбахт, саодатманд; хушиқбол, соҳибсаодат; зидди мудбир; бахтёр, некком, нектолеъ, хушком, комёр.

Ҳар гаҳ, ки аз ҳаводиси гардуни дуннавоз
Пеш оядат зи неку бади кор мушкиле,
Ё дар паноҳи ҳиммати соҳибдиле гурез,
Ё илтиҷо намой ба иқболи муқбиле.
(Ибни Ямин)


Некхоҳон-т муқбилу шодон,
Бадсиголон-т мудбиру маҳзун.
(Абулфараҷи Рунӣ)


3. қабулкунандаи фармони Ҳақ; касе, ки фармони Ҳақ мепазирад ва пайваста ба фармудаи ӯ рафтор мекунад.

Каъба аз санг асту ҳар санге, ки дар бунёди ӯст,
Каъбаосо муқбилонро қиблагоҳи дигар аст.
(Ҷомӣ)


4. соли оянда; оянда;

5. ба зудӣ расида;

6. соҳибназар, доно, ориф;

Шараф хоҳӣ, ба гирди муқбилон гард,
Ки зуд аз муқбилон муқбил шавад мард.
(Низомӣ)


7. доро, давлатманд, озодбахт; зидди ғулом;

Ба ғуломӣ барор номи Камол,
То ҳама халқ муқбилаш хонанд.
(Камоли Хуҷандӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Мукбил Mukbil Muqbil