Номнома

Моҳпора

занона

МАЪНӢ

Моҳпора ماھپاره 1.зебо чун моҳ; зебо; пораи моҳ, хушгил ва зебо монанди моҳ; маҳпора ва моҳпор ҳам мегӯянд; киноя аз хушрӯй; киноя аз соҳибҷамол бошад; зебо ва хубрӯ ҳамчун моҳ; зеборухсор.

Чунон дилтанг шуд он моҳпора,
Ки бар маҳ рехт аз наргис ситора.
(Низомии Ганҷавӣ)


Ӯро ба чашми пок тавон дид чун ҳилол,
Ҳар дида ҷои ҷилваи он моҳпора нест.
(Ҳофиз)


2.ном барои занон.

Калидвожаҳо

Маънои номи Мохпора Mokhpora Mohpora