Мино
мардона занона
✓
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.
МАЪНӢ
Мино - (форсӣ). مینا шиша, обгина; осмонранг; гули зинатӣ
Мино مينا 1. ороиши гардан; ҷавоҳири гардан;
2. обгина, шиша (ҳамчун ҷисм, модда); обгинаи рангин, ки рӯи онро бо тилло ё нуқра наққошӣ мекунанд; обгинаи сапед; шишаи шароб; шишаи рангин;
Аз ғами пинҳон нагуфтан мушкил аст,
Бода дар мино нуҳуфтан мушкил аст.
(Иқболи Лоҳурӣ)
3. пиёла; ҷом, қадаҳ, ҷоми шишае, ки бад он шароб хуранд; соғар;
На нарм шавад дилат ба сад лоба,
На гарм шавад сарат ба сад мино.
(Масъуди Саъд)
4. гулест; номи гули зебо;
Ҳар куҷо пӯӣ, зи мино хирманест,
Ҳар куҷо ҷӯӣ, зи дебо хиргаҳест.
(Манучеҳрии Домғонӣ)
5. кабуд, осмониранг, сабзранг; ҷавҳаре аст сабз; ранги кабуд;
Бе бода дил зи сайри чаман во намешавад,
Гул ҷонишини сабзаи мино намешавад.
(Калими Кошонӣ)
6. зумуррад;
7. осмон; киноя аз осмони обӣ; само, сипеҳр;
Ҷуръаи ҷом бар ин тахти равон афшонам,
Ғулғули чанг дар ин гунбади мино фиканам.
(Ҳофиз)
8. номи парандае мебошад;
9. шароб;
Қазо лабрез дорад душманатро
Зи хуни дидаву дил ҷому мино!
(Фароҳонӣ)
10. ойина;
Биё, соқӣ, аз шиша мино бидеҳ,
Ба ин ташна обе зи дарё бидеҳ.
(Мулло Туғро)
11. киноя аз дунё; олам, кавн, даҳр;
Агар Марям бирафт аз дайри мино,
Ба гетӣ зиндаҷон бодо Масеҳо!
(Низомии Ганҷавӣ)

Калидвожаҳо
Маънои номи Мино Mino