Номнома

Меҳргон

мардона

МАЪНӢ

Меҳргон ‫مھرگان‬ 1. мутааллиқ ба меҳр; меҳр ва муҳаббат пайвастан; дӯстӣ;

2. моҳи меҳр, пойиз; тирамоҳ, хазон;

3. рӯзи шонздаҳум – рӯзи меҳри моҳи ҳафтуми шамсӣ меҳрмоҳ, ки эрониёни қадим онро муборак шумурда ид мекарданд ва ин рӯзро Меҳргон меномиданд, мувофиқи достонҳои қадимӣ, рӯзи ҳабс карда шудани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд будааст; номи бузургтарин ҷашни эрониён; номи рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ ва ҷашни бостоние, ки порсиён 16 то 21 меҳрмоҳ барпо мекарданд ва баъд аз иди Наврӯз бузургтарин ҷашнҳо буда, ин ҷашн аз замони Ҳахоманишиён мутадовил буда ва дар давраҳои баъд низ то зуҳури Ислом барқарор буда ва баъд аз ислом дар замони Сомониён ва Ғазнавиён мутадовил шуда, дар давраи ҷадид ҳам барқарор гардида ва як ҷашни бузурги фарҳангист, ба арабӣ Меҳрҷон мегӯянд; дар замони пеш аз ислом халқҳои Эрон ҷашни Меҳргонро ҳар сол 5 рӯз мегирифтанд ва рӯзи 6-ро ромрӯз мегуфтанд.

Бикард андар он кишвар оташкада,
Бад-ӯ тоза шуд Меҳргону Сада.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


4. муддати мондани офтоб аст дар бурҷи Мизон.

Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи меҳр,
Меҳрубонӣ беҳ ба рӯзи меҳру ҷашни Меҳргон.
(Масъуди Саъд)

Калидвожаҳо

Маънои номи Мехргон Mekhrgon Mehrgon