Меҳр
мардонаМАЪНӢ
Меҳр I مھر муҳаббат, ишқ; дӯстӣ, меҳрубонӣ;
Дилам хонаи меҳри ёр асту бас,
Аз он менагунҷад дар ӯ кини кас.
(Саъдии Шерозӣ)
2. лутфу марҳамат;
Ҷуз ин қадар натавон гуфт дар ҷамоли ту айб,
Ки вазъи меҳру вафо нест рӯи зеборо.
(Ҳофиз)
3. офтоб, нури офтоб; хуршед.
Чу аз чархи гарданда бифрӯхт меҳр,
Биёрост рӯи заминро ба чеҳр.
(Фирдавсӣ)
Меҳр II مھر номи моҳи ҳафтуми соли шамсӣ, ки моҳи аввали тирамоҳ мебошад ва ба 23 сентаябр – 22 октябр рост меояд.
Гар ба фарвардин надорад меҳр хашму кин, чаро
Бистурад меҳр аз чаман нақше, ки фарвардин кунад?
(Ломеӣ)
Ҳама Меҳру Озар хуҷаста бувад,
Дари ҳар баде бар ту баста бувад!
(Фирдавсӣ)
2. номи рӯзи 16-уми ҳар моҳи шамсӣ; номи рӯзи шонздаҳум аз моҳи меҳр, ки эрониён ҷашни Меҳргонро дар ин рӯз бар по медоранд.
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон!
(Масъуди Саъд)

Калидвожаҳо
Маънои номи Мехр Mekhr Mehr