Номнома

Масрур

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Масрур - (арабӣ). مسرور шодмон, шод, хурсанд, хушвақт

Масрур (арабӣ) ‫مسرور‬ сурур, шоду хурсанд, хушвақт; шодшуда ва хушҳол гардида; хандон; дилшод, шодон, сархуш, шӯх, шодмон, хуррам, дилхуш, хушдил, шодком, сарсабз, сарзинда, хушнуд, сармаст, сабукдил, шоднок, масрур, тозарӯ(й), зиндадил, фаррухком, ханданок, хушманиш, шодиёна, кушодадил, тарабнок, сабукрӯҳ; шодкарда; хуш.

Ишқи ӯ дорӣ, зи олам ғам махур,
Чун ғами ӯ мехурӣ, масрур бош.
(Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ)


Ту ба ҳусну ҷамоли ӯ хуррам,
Ӯ ба ҷоҳу ҷалоли ту хуррам.
(Амир Муиззӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Масрур Masrur