Номнома

Марям

занона

МАЪНӢ

Марям - (арабӣ) مریم зебо; порсо; қавӣ; номи модари Исо (а)

Марям مريم 1.зани порсо, ки ҳадиси мардонро дӯст дорад;

2.гулест бо бӯи хуш; гулест, ки баргҳои он аз наргис бориктару сахттар аст ва ранги гули он сафеду бӯяш муаттар аст;

3.духтари Имрон яке аз уламои банӣ Исроил, модари ҳазрати Исо; Марями азро модари Исо (а) духтари Имрон ва аз насли Довуд. Бар тибқи Қуръони карим модари ӯ пеш аз валодати кӯдак назр карда буд, ки ӯро дар савмаъа ба хидмат гуморад. Сипас Закариё таклифи ӯро уҳдадор шуд. Чун ба ҳаждаҳсолаги расид, Рӯҳулқудс ба ӯ зоҳир гардид ва Марям Исо (а)-ро ҳомила гашт;

Гуфтӣ шаби Марям аст, якшаба моҳаш Масеҳ,
Ҳаст Масеҳаш гувоҳ, нест ба кораш қасам.
(Хоқонии Шарвонӣ)


4.номи духтари подшоҳи Рум, зани Хусрави Парвиз; духтари қайсари Рум;

5.номи сураи нуздаҳум аз Қуръони карим, ки маккист. Наваду ҳашт оят дорад ва пас аз сураи Каҳф ва пеш аз Тоҳо қарор дорад ва бо ояи коф ҳо йо ъайн сод оғоз мешавад.

Калидвожаҳо

Маънои номи Марям Maryam