Номнома

Марҷон

занона

МАЪНӢ

Марҷон (арабӣ) مرجان 1.Навъе аз ҷонварони баҳрии дарахтшакл; марҷон гуногун буда, машҳуртаринаш марҷони сурх аст, ки монанди гул бар танаи оҳакмонанд қарор дорад ва онро барои сохтани асбоби зинат ва ашёи гаронбаҳо ба кор мебаранд; марворид, буссад, ҷонварест бо пояи оҳакӣ дар дарёҳои гарм; навъе аз ҷонварони дарёии шабеҳ ба гиёҳ, ки монанди гиёҳ ба замин намечасбад; бархе марҷонҳо ба миқдори зиёд дар як ҷо муҷтамеъ гардидаву маводи оҳакӣ ба даври худ тарашшуҳ мекунанд ва аҷсоди онҳо ба қадре рӯи ҳам анбошта мешавад, ки ба сурати ҷазоири бузург дар уқёнусҳо дармеоянд ва онҳоро ҷазоири марҷонӣ мегӯянд;

Марзаҳоро ҳар замон пироҳан аз мино диҳад,
Шохаҳоро ҳар замон пироя аз марҷон кунад.
(Қатрони Табрезӣ)


2.марвориди реза; марвориди хурд; Ва низ марҷон дар арабӣ ба маънии марвориди хурд ҳам гуфта мешавад ва воҳидаш марҷона аст;

Султони салотинам, ҳам онаму ҳам инам,
Ман хозини султонам, пургавҳару пурмарҷон.
(Румӣ)


3.навъе аз моҳии дарёӣ, ки дорои гӯшти лазиз аст;

4.киноя аз лаби маъшуқ аст, ба муносибати ранги сурхи он.

Калидвожаҳо

Маънои номи Марчон Marchon Marjon