Маъруф
мардона
✓
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.
МАЪНӢ
Маъруф - (арабӣ). معروف машҳур, овозадор, эътирофшуда
Маъруф (арабӣ) معروف шинохташуда, ба ҳама маълум; саршинос, номвар, барҷаста, ханида, забонзада, номдор, номӣ; машҳур, шуҳратёфта, овозапайдокарда; хилофи мункар; баландовоза, касе, ки ӯро ҳамагон мешиносанд.
Номи ту чу офтоб маъруф,
Коми ту чу рӯзгор ғоиб.
(Анварӣ)
2. низ ба маънии некӣ ва кори нек; ба маънии некӯӣ; амали хайр; амали савоб; диҳишу эҳсон;
3. ошно;
4. пайдо;
Дар кӯи ту маъруфаму аз рӯи ту маҳрум,
Гурги даҳанолудаву Юсуфнадарида.
(Саъдии Шерозӣ)
5. хайр;
6. ҳар чизеро гӯянд аз итоати Худои таоло ва тақарруб ба ӯ ва некӯӣ ба мардум, ки машҳур бошад, ҳар кори машрӯъ ва равову шоиста; Ҳар он чӣ дар шаръ писандида бошад; зидди мункар аст ва он ҳар чизест, ки дар шаръ писандида бошад ва гӯянд ҳар он чи нафс бад он хушию оромиш ёбад ва онро нек шумурад; воҷиби шаръӣ; намозро барпо доштанд ва закотро доданд ва ба маъруф ҳукм карданд ва аз мункар боздоштанд (Таърихи Байҳақӣ).
Сӯи Яздон мункар аст он, к-ӯ ба ту маъруф нест,
Ҷуз ба инкори туам маъруфро инкор нест.
(Носири Хисрав)

Калидвожаҳо
Маънои номи Маъруф Maruf Маьруф Маруф