Манзар
мардонаМАЪНӢ
Манзар (арабӣ) ظرمن 1. мадди назар, ҷое ё чизе, ки ба он назар дӯхта мешавад; ҷои нигаристан; маҳалли назар, ҷое, ки бар он назар афтад; чашмандоз; дурнамо, чашмафкан; хушоянд бошад ё баднамо; ҳар чизе, ки онро менигаранд, хоҳ хушоянд бошад ва хоҳ баднамо ва ҳар чизе, ки дида мешавад ва маҳалли нигаристан воқеъ мегардад.
Гуфто, ки туро ин ишқ дар сабр диҳад ранге,
Шоистаи он гардӣ ҳам нозиру ҳам манзар.
(Румӣ)
2. сурат, чеҳра, рӯй, талъат; симо; дидори некӯ; намуди зоҳирӣ; шакл ва пайкар ва ҳайат; талъат, зоҳир, берун.
Зиштрӯён зишт бинандаш, накӯрӯён накӯ
В-ин аҷаб, на зиштрӯ бошад, на некӯманзар аст.
(Нишоти Исфаҳонӣ)
3. чашм, дида; ё манзари чашм, мардумак, мардуми дида; бидон, ки ин лафз гоҳе ба маънии чашм бошад, чаро ки чашм маҳалли хурӯҷи назар ва ҷои пайдо шудани басар аст;
Бидидам сабзу хуррам сарзамине,
Чу фирдавсе ба дидору ба манзар.
(Баҳор)
4. нигоҳ, назар;
Чӣ гуна бар рухи хубон назар кунам, ки мудом
Хаёли рӯи ту сайд аст пеши манзари ман.
(Орифи Қазвинӣ)
5. сайргоҳ.
Бархостам аз ҷою сафар пеш гирифтам,
Н-аз хона-м ёд омаду н-аз гулшану манзар.
(Носири Хусрав)
6. интизоркашида ва гӯшдода;
7. касе, ки сазовори назари Худо ва ё авлиё шудааст.

Калидвожаҳо
Маънои номи Манзар Manzar