Номнома

Маҳзар

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Маҳзар - арабӣ

ҷои ҳозиршавӣ, ҷои ҳузур, ҳузургоҳ; маҷлис

Гар ин қасидаро кас гӯяд ҷавоб, шоҳо,
Гардам ғулом ӯро дар маҳзари афозил.
Восифӣ


Аъзам Ҳумоюн садот ва уламо ва акобир ва шурафои шаҳрро талабида маҳзар сохт.
Таърихи Фаришта


ҳукм ва фатвои қозӣ; шаҳодатнома; ҳуҷҷат, санад

Яке мазҳар акнун бибояд набишт,
Ки ҷуз тухми некӣ сипаҳбад накишт.
Абулқосим Фирдавсӣ


Аббосия бар насаби Маҳдӣ таън карда, маҳзаре навиштанд, ки амр фармоянд, то хутабо онро бар манобир бихонанд.
Равзату-с-сафо


Ашъори ман далели камолам кифоят аст,
Дар даъвие, ки мекунам, ин аст маҳзарам.
Шоҳин


маҳзари хун

محضر خون

ҳукм ва фатвои хун, фармони қозӣ, ки дар он хуни касе
аз рӯи қисос ва ё ҷазо мубоҳ гардонида шудааст

маҳзар бастан

محضر بستن

аҳду паймон бастан

ҳукм ва фатвои хун, фармони қозӣ, ки дар он хуни касе
аз рӯи қисос ва ё ҷазо мубоҳ гардонида шудааст

аҳду паймон бастан

Манбаъ: vazhaju.tj

Калидвожаҳо

Маънои номи Махзар Makhzar Mahzar