Номнома

Мансур

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Мансур - (арабӣ). منصور нусратёфта, ғолиб, фирӯз

Мансур (арабӣ) ‫منصور‬ ғолиб, чира, пирӯз, соҳиби дастбурд ва ғалаба; музаффар ва фотеҳ ва комгор.

Чун Авҳадӣ дар кӯи дил, то ман шунидам бӯи дил,
Ҳар ҷо, ки кардам рӯи дил, фирӯзу мансур омадам.
(Авҳадӣ)


2.нусратёфта; нусрат ва ёрӣ додашуда; ёрикардашуда ва нусраткардашуда ва ҳимоятшуда ва паноҳдодашуда аз ҷониби Худованди олам;

Ҳар кӣ мансур носираш бошад,
Дар ҷаҳон носир асту мансур аст.
(Масъуди Саъд)


3. дар «Таворих»-и Ибни Халликон мастур аст, ки номи эшон Ҳусайн буд ва номи падари эшон Мансур. Ба исми падари худ маъруф гаштаанд. Ва эшонро Ҳаллоҷ аз он гӯянд, ки: рӯзе ба дукони ҳаллоҷӣ нишаста буданд, ҳаллоҷро коре фармуданд. Ҳаллоҷ инкор кард, ки ман ба кори худ машғулам. Эшон гуфт, ки ту бирав, ман ба ивази ту кор мекунам. Ҳаллоҷ барои кардани кори эшон рафт. Чун Ҳаллоҷ баъди андак дер бозомад, ҳамаи пунбаи дукон маҳлуҷ ёфт, мутааҷҷиб гардид. Аз он рӯз лақаби эшон ба Ҳаллоҷ машҳур шуд; Мансури Ҳаллоҷ шоир буд, ҳаким ва хирадманд.

Мансур сар ба бод зи ифшои роз дод,
Аз ботилон нуҳуфта кун асрори хешро.
(Соиб)


4. бино ба ривояте номи Абулқосим Фирдавсист.

Калидвожаҳо

Маънои номи Мансур Mansur