Номнома

Маниш

мардона

МАЪНӢ

Маниш ‫منش‬ 1. сиришт, табиат; хӯ; хӯй; табъу табиат ва хислат ва ниҳод;

Ба хуфтан маниш раҳнамун оядаш,
Надонад, ки ин хоб чун оядаш.
(Низомии Ганҷавӣ)


2. ҳиммат; ба маънии ҳиммат ҳам гуфта шуда;

Фузун з-он фиристам, ки дорӣ маниш,
Наёяд зи бахшиш маро сарзаниш.
(Фирдавсӣ)


3. бузургӣ;

Туро гар маниш з-они ман бартар аст,
Падар ҷӯю рози ту бо модар аст.
(Фирдавсӣ)

4. тамоюл, рою тадбир; андеша; андеша кардан, тафаккур;

Битарсид сахт аз паи сарзаниш,
Шуд аз роҳи дониш ба дигар маниш.
(Фирдавсӣ)


5. табъи баланд ва тинати бузург ва ҳиммату сахоро гӯянд; ҳиммату карам ва некӯию некзотӣ; бузургии табъ ва ҷавонмардӣ ва далерӣ ва виқор ва бузургӣ ва ҷоҳу ҷалол ва табъи нек;

Маниш ҳасту фарҳангу рою ҳунар,
Надорад ҳунар шоҳи бедодгар.
(Абулқосим Фирдавсӣ)


6. қалб ва дил.

Раҳм омад шайхро бар гиряаш,
Гуфт: Эй модар, машав нохушманиш.
(Муҳаммад Асирии Лоҳиҷӣ)


7. зот;

8. майл ва хоҳиш; қасд, азм, ирода, нийят, тасмим; мақсад, рой;

Нагардад ба коми ту ҳаргиз равиш.
Равиш дигару тавба, дигар маниш.
(Абӯшакур)


9. шодмонӣ; хурсандӣ, фараҳмандӣ;

10. хушнудӣ, ризо ва қаноат.

Калидвожаҳо

Маънои номи Маниш Manish

© 2026 Номнома - Фарҳанги номҳои тоҷикӣ