Номнома

Маҷнун

мардона

МАЪНӢ

Маҷнун (арабӣ) ‫مجنون‬ дар адабиёт муродифи ошиқи шайдо;

2. ошиқ; гирифтори ишқ; шайдо, шӯрида, дилдода, гирифтор дар банди ишқи ёре;

3. девона;

Рӯзе ба ҳавои ишқ сайре мекард,
Лайлисифате бидиду маҷнун шуду рафт.
(Абӯсаиди Абулхайр)


4. лақаби Қайс, ки ошиқи Лайлӣ буд; лақаби Қайс шоири маъруфи Араб, ки ошиқи беқарори Лайлӣ буд ва достони ишқи ӯ ва Лайлиро Низомӣ ба назм овардааст; Қайси Омирӣ, ошиқи Лайлӣ маъруф ба Маҷнун; лақаби Қайс ибни Малуҳ аст, ки аз банӣ Ҷаъда буд, аз шиддати ишқи Лайлӣ девона шуд ва бадон ҷиҳат Маҷнунаш хонданд; Қайс ибни Малуҳи Омирӣ, ки бар тибқи ривоёти афсонавӣ туфилият ба духтари амуи худ Лайлӣ муҳаббати саршоре дошт ва чун падару модари Лайлӣ аз мулоқоти он ду мумониат мекарданд, Қайс дучори ҷунун шуд ва сар ба биёбон гузошт ва бо ҳайвонот маҳшун гардид. Лайлӣ аз дурии Маҷнун бемор гашт ва ҷон дод. Вақте хабари марги Лайлиро ба Маҷнун бурданд, ба сари қабри Лайлӣ рафт ва он қадар шеъре, ки дӯст медошт, хонд ва нудба кард то ҳамон ҷо бимурд ва ба маъшуқа пайваст ва ӯро канори қабри Лайлӣ дафн карданд.

Ҳама рӯзам чу Маҷнун монда дар сӯз,
Шабам дар қиссаи Лайлӣ шавад рӯз.
(Хусрави Деҳлавӣ)

Калидвожаҳо

Маънои номи Мачнун Machnun Majnun