Номнома

Маҷид

мардона
Номи мазкур дар Феҳристи номҳои миллии тоҷикии Кумитаи забон мавҷуд аст.

МАЪНӢ

Маҷид - (арабӣ). مجید бошаъну шараф, олиқадр, баландмартаба

Маҷид (арабӣ) ‫مجيد‬ бузург, бошаъну шараф, олиқадр, баланддараҷа; бузургвор ва гиромӣ; баландҷойгоҳ; дорои маҷд, баландмартаба; шариф, баландпоя; гиромиқадр ва олимартабат; соҳиби қадру манзилати зиёд, гаронқадр.

Дар ҷаҳон чун пояи ӯро баландию шараф
Менадонам пояе чун пояи арши маҷид.
(Амир Муиззӣ)


2. ҷавонмарди шарифу неккирдор;

3. лақаби Қуръон, китоби осмонӣ; аз сифоти Қуръон, китоби Худованди раҳмону раҳим;

З-он ки Худованди ҷаҳонофарин
Фош сарояд ба Каломи маҷид.
(Адибулмамолики Фароҳонӣ)


Бар сафҳаи изори бутон нуқтаҳои хол
Дар Мусҳафи маҷид бувад чун ҷалолаҳо.
(Соиби Табрезӣ)


4. ниг . Абдулмаҷид.

Калидвожаҳо

Маънои номи Мачид Machid Majid