Номнома

Кабир

мардона

МАЪНӢ

Кабир - (арабӣ). كبیر бузург, калон, азим, муаззам

Кабир (арабӣ) ‫کبير‬ 1. бузург; меҳин, меҳина; калон.

Чун нигаҳ кард бад-он духтаракон модари пир,
Сабз буданд якояк, чи сағиру чи кабир.
(Манучеҳрии Домғонӣ)


2. бузург дар тавоноӣ ва дар давлату сарват ва зӯру қувват;

Эй писар, ҳамчу мир мирӣ ту,
Ӯ кабир асту, ту амири сағир.
(Носири Хусрав)


3. солдор, он ки дорои соли бисёр бошад;

Бузургон гар кабиранду сағиранд,
Ба ҳар зулматсаро равшанзамиранд.
(Лоиқ Шералӣ)


4. ба балоғат расида, комилгашта;
5. баландмартаба;

Рафт он дарвеш ҳамроҳи вазир
Сӯи давлатхонаи шоҳи кабир.
(Ҷалолуддини Румӣ)


6. тануманд; азим;
7. исми ҳиндӣ-туниёист;
8. лақаби Искандари Мақдунист;
9. лақаби Куруши Ҳахоманишист;
10. лақаби Дориюши аввал подшоҳи Ҳахоманишӣ;
11. нигаред ба Абдулкабир.

Калидвожаҳо

Маънои номи Кабир Kabir